АКСУ ВИДЕО: Таркиши маргбори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Бар асари таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дастикам се нафар ба ҳалокат расидааст.
Ин таркиш қабл аз зуҳри имрӯз дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар рустои Истиқлол-1-и ҷамоати шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайваст. Як корманди пулис дар ҷои ҳодиса ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, бар асари ин ҳодиса дасти кам се нафар ба ҳалокат расидаанд: “Ин се нафар - ду мард ва як зан, мусофирони як мошини “Лексус” будаанд, ки дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ қарор доштааст. Инчунин, ҳафт каси дигар ҷароҳат бардошта, ҳоло дар беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ қарор доранд”.
Як манбаи “Озодагон” дар мақомоти умури дохилӣ гуфт, ронандаи "Лексус", ки дар ин таркиш ҷони худро аз даст додааст, 48 сол дошта, дар Душанбе ба тиҷорат машғул будааст: "Ӯ зиёрати хонаи Худо карда буд ва ҳама ӯро ҳоҷӣ мегуфтанд. Духтари фавтида 21-сола буда, сокини ноҳияи Рӯдакӣ будааст. Ҳувияти як қурбонии дигар ҳоло маълум нест".
Хуршед, Қурбонов, корманди ёрии таъҷилӣ, ки аз аввалинҳо шуда ба маҳалли ҳодиса омадааст, вазъи маҷруҳонро ваҳим арзёбӣ кард. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, таркиш ба ҳадде шадид будааст, ки узвҳои бадани қурбониён ба ҳар сӯ пош хурдаанд.
Хабарнигори "Озодагон" мегӯяд, кормандони Хадамоти оташнишонӣ ва пулис дар ҷои ҳодиса, сабабҳои сар задани таркишро муайян мекунанд. Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилӣ бо нашри як шарҳи кутоҳ дар торнамои худ сабаби таркишро “риоя накардани техникаи бехатарӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ” гуфтааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)