АКС: Худкушии як сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Гипрозем
Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе худкушии як сарбози 22-солаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистонро тасдиқ кард.
Шанбеи 8 ноябр аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Александр Майер, сарбози пойгоҳи низомии 201-и Русия санаи 5 ноябр худро аз боми як бинои нуҳошёнаи маҳаллаи Гипрозем, ки тақрибан 50 метр дуртар аз пойгоҳ ҷойгир аст, ба замин партофтааст: “бар асари ҷароҳатҳои вазнин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад”.
Манбаъ афзуд, Александ Майер қаблан дар пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар шаҳри Қӯрғонтеппа хидмат мекардааст: “Замони дар Қӯроғонтеппа будан низомномаи дохилии ҳарбиро вайрон карда ва нисбат ба ӯ парванда боз шудааст. Ахиран, ӯро ба Душанбе интиқол додаанд. Вақтҳои ахир бисёр асабонӣ буда ва қабл аз он ки худро партояд, май нушидааст”.
Ба иттилои манбаъ, феълан парвандаи худкушии ин сарбозро додситонии ҳарбии пойгоҳи 201-и Русия баррасӣ мекунад.
Хабарнигори “Озодагон” аз макони ин ҳодиса дидан кард ва бо чанд шоҳиди воқеа низ суҳбат намуд. Шоҳдони ҳодиса мегӯянд, Александр либоси ғайринизомӣ дошта, тахминан соатҳои 11:00-и рӯзи 5 ноябр худро ба замин андохтааст. Ба гуфтаи онҳо баъди ба замин афтидан, ҳудуди 20 дақиқа зинда будааст. “Вақте болои бомеро, ки ин ҷавони рус худро партофт хабар гирифтанд, аз онҷо як шиша арақ ва чанд қутии сигор пайдо карданд”,-гуфт яке аз шоҳидони ҳодиса.Бинои 30/4. Ба нақли шоҳидон сарбози рус худро аз боми он ба зер андохтааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)