Ғафурова 70.000 сомониро ба яғмо бурдааст
Сокини ноҳияи Файзобод як адад дастпонаи тиллоии гаронарзишро ба яғмо бурдааст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, дар ин бора ба мақомоти марбута аризаи шаҳрванди 53-сола Комил Юнусов, сокини кӯчаи Шарафи пойтахт ворид шудааст. Ба қавли ҷабрдида, бонуе бо исму насаби Нисо Ғафурова, ки истиқоматкунандаи Арзановаи ноҳияи Файзобод аст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ тилловории мазкурро гирифта, то ҳол барнамегардонад. Феълан дар қиболи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад. {jathumbnail off}