Дидори Шукурҷон Зуҳуров бо Владимир Путин
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҳайати аъзои Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот кардааст.
Дар ин мулоқот асосан масоили марбут ба фаъолияти СПАД баррасӣ шудааст. Владимир Путин, ки раҳбарии Шӯрои амнияти дастҷамъии СПАД-ро бар дӯш дорад, аснои суханронӣ дар ин дидор таъкид кардааст, “мо дар ростои мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир бо муваффақият кор мекунем. Ҳар коре анҷом медиҳем, аз ҷониби раисони ҷумҳур хуш пазируфта мешавад”.
Ба навиштаи торнамои расмии раиси ҷумҳури Русия, дар ин ҷаласа намояндаҳои Афғонистон ва Сербия низ ширкат доштаанд. Путин қайд кардааст: “Мо омодаем, дар сурати зарурӣ ба дӯстҳои афғонамон кӯмак расонем, то дар ин кишвар субот пойдор шавад ва давлат рушд намояд”.