Ихроҷи 111 шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон
Мақомоти тоҷик аз боздошти 13 шаҳрванди хориҷӣ хабар медиҳанд, ки бо иттиҳоми содир намуднаи ҷиноятҳои гуногун дар ҷустуҷуӣ байналмилалӣ қарор доштаанд.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират ба “Озодагон” гуфт, ин афрод дар ҷараёни марҳилаи аввали амалиёти мавсум ба “Нелегал-2014” дастгир шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, аснои баргузории амалиёт аз 216 шаҳрванди хориҷӣ, ки нисбат ба онҳо барои фаъолияти ғайриқонунӣ ва нақзи қоидаҳои буду бош протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд, 111 нафарашон бо қарори суд аз қаламрави Тоҷикистон берун карда шуданд.
Номбурда таъкид намуд, бештари онҳое, ки аз Тоҷикистон ихроҷ шуданд, шаҳрвандони Чин, Афғонистон ва Покситонанд: “Нисбати 216 шаҳрванди хориҷӣ ва қабулкунандагони онҳо, ки қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар Тоҷикистон вайрон карданд, мутобиқи талаботи моддаҳои 138, 470 ва 499-и Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо дар асоси ҳалномаҳои судӣ 29 459,1 доллари ИМА ҷарима ба фоидаи давлат ситонида шуд”.
Абдуллоҳ Қодирӣ мегӯяд, мақсад аз гузаронидани амалиёти “Нелегал-2014”, ки марҳилаи якуми он 9 моҳро фаро гирифт, пешгирии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ошкор намудани фаъолияти гуруҳҳо ва ташкилоту корхонаҳоест, ки ба муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишвар машғуланд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)