“Як тиру чанд нишон”-и Эмомалӣ Раҳмон дар Чин
Имрӯз, 8 ноябр дар шаҳри Пекини Чин Муколамаи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором баргузор мешавад.
Тоҷикистон бори нахуст дар нишастҳои ин созмон иштирок мекунад. Ҳайати кишвари моро Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳур раҳбарӣ дорад. Ҳадафи стратегии созмони ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором, ки 21 кишвар аъзои онанд, то соли 2020 ба вуҷуд овардани низоми тиҷорати озоду шаффоф ва сохтори сармоягузории либералӣ аст.
Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иштирок дар ин муколама ду рӯз қабл, 6 ноябр ба Чин сафар карда, бо як қатор мақомҳои чинӣ дидору гуфтугӯ намуд. Дар мулоқот бо Сиэ Фучжан, волии музофоти Хэнан Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат ба имзо расид, ки тибқи он аз ҷониби ширкатҳои ин вилоят дар Тоҷикистон бо харҷи беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ корхонаҳои зиёди саноатӣ бунёд хоҳад ёфт. Аснои вохӯрӣ бо Лю Шиюй, раиси Бонки аграрии Чин дар мавриди ихтисоси 100 миллион доллар қарзи имтиёзнок барои дастгирии рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон тавофуқ шуд. Инчунин Эмомалӣ Раҳмон бо Лу Шан, сарвари кули ширкати роҳу пулсозии Чин лоиҳаи навсозии қитъаи Қалъаи Хумб-Хоруғи шоҳроҳи Душанбе-Кулма-Чин ва бо Чжан Зунян, раиси Шӯрои мудирони ширкати роҳҳои оҳани Чин сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппаро ба баррасӣ гирифтанд.
Дар дидори райисиҷумҳур ва Луо Тао, раиси ширкати миллии металлургию кӯҳкории Чин (CNMM) масоили вобаста ба корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тилло дар кони Покрӯди Тоҷикистон асосӣ будааст. Таъкид шуд, ки барои корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тиллои кони Покрӯди Тоҷикистон ин ширкат тасмим дорад, беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда, зиёда аз 1000 ҷойи корӣ муҳайё созад. Аммо дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои чиниаш - Си Ҷинпин 4 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, Си Ҷинпин гуфтааст, се ҳадафи стратегии ҳукумати Тоҷикистон доир ба таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳосозии кишвари худ аз бунбасти коммуникатсионӣ “се ҳадафи стратегии ҳамшарикии Тоҷикистону Чин аст”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)