250 миллион $-и Чин барои истихроҷи тиллои Покрӯд
Ширкати миллии металлургию кӯҳкории Чин (CNMM) тасмим гирифтааст барои корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тиллои кони Покрӯди Тоҷикистон беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намояд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумуҳри Тоҷикистон, Луо Тао, раиси ин ширкат дар суҳбат ба Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст, ки тибқи нақшаи пешакӣ истихроҷи тилло аз кони Покрӯд бояд соли 2015 оғоз ёбад ва дар давраи аввал ширкат ҳар сол ба буҷети Тоҷикистон беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ андоз хоҳад супорид.
Луо Тао иброз намудааст, ки бо амалӣ намудани ин тасмимаш дар кони мазкур зиёда аз 1000 ҷойи корӣ муҳайё месозад.
Манбаъ мегӯяд, роҳбарияти ширкат зимни вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон аз иштирокаш дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони мактабу бемористонҳо низ хабар додааст.
Ширкати миллии металлургию кӯҳкории Чин (CNMM) яке аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳон дар соҳаи ҷустуҷӯй ва истихроҷи тилло буда, дар зиёда аз 30 минтақаи Чин ва беш аз 10 кишвари ҷаҳон фаъолият мекунад ва ба истихроҷи 40 намуди металҳои гаронарзиш ва нодир машғул аст.