Муовини муфтӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик: Ҷиҳод не, мусулмонкушӣ меравед!
Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хутбаи намози ҷумъа гуфт, иштирок дар ҷангу нооромии кишварҳои мусулмоннишин ҷиҳод нест ва аз ҷавонони тоҷик хост, ба ҳарфҳои бархеҳо гӯш надиҳанд.
Муовини раиси Шӯрои уламо рӯзи 7 ноябр дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе аз он ибрози нигаронӣ кард, ки вақтҳои охир ҷавонони тоҷик ҷиҳод гӯён роҳ сӯи ҷангҳое мегиранд, ки дар он мусалмон мусалмон мекушад. “Имрӯз дар он кишварҳо мусалмон бо мусалмон даст ба гиребон аст. Мусалмон ба мусалмон оташ мекушояд. Аз ин ҷониб Аллоҳу Акбар мегӯяду ба ҷониби дигар, ки он ҳам Аллоҳу Акбар мегӯяд, тир мекушояд. Оё Худованд аз мову шумо розӣ мешавад, вақте мусалмонро мекушем? Мусалмон ба хотири адои фарзи Худованд ба масҷид меояд, тарконида ва кушта мешавад”,-изҳор дошт ӯ.
Ин руҳони тоҷик бо овардани иқтибос аз суханони паёмбари Ислом (с) афзуд, аз ҷиҳод дида, хидмати падару модар беҳтар аст, вале ҳоло ҷавонони тоҷик ин амалро гузошта, пинҳонӣ аз волидайни худ барои ҷиҳод озими кишварҳои хориҷ мешаванд: “ҷавонони мо аз волидайни худ нопурсида, зану фарзандони худро канор мегузоранду ҷиҳод мераванд. Масъулияти худ, таъмини нафақаи зану фарзанд ва падару модарро партофта, ҷиҳод мераванд. Ин амалест, ки дар ягон сурат дуруст нест. Дар ривояте омадааст, ки агар инсон тамоми ибодати бани одамро кунаду падару модараш аз ӯ розӣ набошанд, Худо аз ӯ безор аст”.
Дар идома муовини раиси Шӯрои уламо аз Ҳизби таҳрир, ҳаракати фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ном гирифта, сокинонро ҳушдор дод, ҳар ҷо ин ҳизб фаъолият дорад, дар онҷо нооромӣ дида мешавад: “Чизе ки имрӯз тамоми давлату ҷомеаи башариро нигарон кардааст, Ҳизби таҳрир мебошад, ки бисёр даргириҳои шадид ва ихтилофҳои бузург ба миён меоранд. Ҳар куҷо фитна аст, онҷо хунрезиҳо сурат мегиранд”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)