Иҷрои тавсияҳои САҲА: хокпошӣ ба чашми мардум?
Сиёвуш ҚОСИМЗОДА
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, аз 25 тавсияи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба баргузории интихоботи шаффофи парлумонӣ 18-тои онро иҷро кардааст.
Ҳафтаи сипаришуда мақомоти ин комиссия дар нишасте бо намояндагони дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари вобаста ба САҲА дар Душанбе масъалаи омодагии Тоҷикистон барои баргузории интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015-ро ба баррасӣ гирифтанд. Дар ин мулоқот, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, ниҳодаш 18 тавсия аз маҷмӯи 25 тависияи ироашудаи САҲА-ро иҷро кардааст. Аммо Шоҳиён далели иҷро накардани 7 тавсияи боқимондаро шарҳ надод. Кам кардани ҳаҷми гаравпулӣ, тартиби пурнамоии варақаҳои райъ ва протоколҳои интихоботӣ, иҷозаи афроди дорои маълумоти олӣ набуда барои номзадӣ ба вакилии порлумон ва дигар аз ҷумлаи тавсияҳои иҷрошудаи САҲА унвон шудааст.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон мегӯяд, аз номукамалии қонуни интихобот дида, мушкилоти ҷиддитаре ҳам мебошад. Нобаробарии намояндагони ваколатдори ҳамаи ҳизбҳо дар комиссияҳои интихоботӣ, дар амал аз байн бурдани дахолати ғайриқонунии кормандони сатҳҳои мухталифи давлатӣ, нобаробарии номзадҳо дар маъракаи пешазинтихоботӣ ва манфиатдор набудани гуруҳҳои муайян дар интихоботи ҳаққонӣ низ омилҳои ҷиддӣ дар баргузории интихоботи одилона мебошад. Вале бояд шаҳрвандон ва созмонҳои онҳо низ бо дарки масъулият ба интихобот муносибат кунанд. Зеро мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов, маҳз муносибати самимонаи ҳизбҳо, ба хусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқу кормандони давлатӣ ба кафили интихоботи озоду демократӣ будани президент, ин маъракаи муҳими сиёсиро ба воситаи таҳкими раванди демократӣ ва ваҳдати миллӣ табдил медиҳад. Дар акси ҳол заминаҳои иҷтимоии давлат заифтар гардида, эътибори байналмилалии Тоҷикистон боз ҳам камтар мешавад.
Алим Шерзамонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегӯяд, қонунҳо метавонанд беҳтарин ва мутамаддинитарин бошанд, инҷо масъала сари иродаи сиёсии ҳукуматдорон аст. Ба қавли номбурда, таҷриба нишон медиҳад, ки ҳукумат ба рақобати солим ва боадолат омода нест. Агар ҳамаи 25 тавсияро низ пиёда месохт, бо чунин фишорҳо болои ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки хусусан баъди интихоботи парлумонии ахир дар Тоҷикистон зуҳур кард, эҳтимол дар интихоботи дар пешистода ҳукумат агар хоҳони баргузори намудани як интихоботи шаффоф ҳам бошад, рақиби арзандаеро пайдо кардан амри маҳол хоҳад буд.
Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, новобаста аз ҳамаи мушкилиҳо ҲСДТ талош мекунад, ҳамчун созмони сиёсӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ иштирок намояд: “Иштирок ба хотири иштирок не, балки иштирок бо мақсади ворид шудан ба парлумон аст, то механизмҳои иловагию муассиртарро ба шохаҳои дигари ҳокимияти давлатӣ дошта бошем. Мо ниёз ба имтиёз надорем. Барои мо муҳим аст, ки таваҷҷуҳи президент ва ҳукуматро ба масоили мубрами давлатдорӣ ҷалб намуда дар танзиму ҳалли онҳо бевосита мусоидат намоем”.
Аммо Алим Шерзамонов мегӯяд, баъди фишорҳои ахир эҳтимол номзадҳои мухолиф ба корзори интихобот намеоянд ва аммо номзадҳои “мухолиф”-и фармоишӣ зиёд хоҳанд гашт. Шояд ҳам номзадҳои “мустақил” дар парлумони оянда баъди ҳизби ҳоким ҷойи дуюмро бигиранд, агар ҳукумат шаффофиятро вонамуд карданӣ бошад.
Коршиносон бар ин боваранд, иддаои Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон, ки мегӯяд аз 25 тавсияи САҲА 18-тоашро иҷро кардааст, танҳо ба хотири нишон додани он аст, ки ҳукумат мехоҳад интихоботи парлумониро шаффоф бигузаронад. Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, “ҳукумати Тоҷикистон аз тамоми пешниҳодҳои ҲНИТ, ҲКТ ва САҲА ба қонуни интихобот танҳо тавсияҳоеро мепазирад, ки хеле ҷузъӣ буда ва онро барои хок пошидан ба чашми мардум анҷом медиҳад. Дар ҳоле ки чандин сол аст, ҳукумат аз қабули пешниҳодҳои асосӣ, ки тазминкунандаи интихоботи шаффоф аст, мисли дохил кардани намояндагони баробари аҳзоби сиёсӣ дар ҳама ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ, худдорӣ менамояд”.
Аз соли 2000 ба ин сӯ, САҲА раванди баргузории интихоботҳои Тоҷикистонро назорат менамояд. Ин созмон эълом намудааст, дар ин муддат ҳеч як аз 3 интихоботи парлумонӣ ва 2 интихоботи президентии Тоҷикистон озод ва демократӣ набудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)