Маҳкумияти падар барои худсӯзии духтар дар маркази Ёвон
Додгоҳи ноҳияи Ёвон як сокини деҳаи Парчасаройрои ҷамоати деҳоти Обшорони ин ноҳияро дар худсӯзии духтари ноболиғаш гунаҳкор донистааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод маҳкумшуда, духтарашро пайваста дашном карда, дар шоҳидии ҳамсояҳо латукӯб низ менамудааст. Дар пайи яке аз чунин муноқишаҳо тобистони соли равон духтар аз дасти падар раҳо шуда, ба маркази ноҳия мегурезад ва дар зарфи 1,5 литрӣ сӯзишворӣ харида, худро дар маркази ноҳия месӯзонад: “Аз ҷароҳатҳои бардоштааш духтар дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат мерасад.”
Додгоҳи ноҳияи Ёвон мегӯяд, падари духтар барои расондан ба худкушӣ, ки нисбати ноболиғу шахси тобеъ содир шудааст, аз рӯи моддаи 109, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)