Бордюжа: Нақшаи зиёд намудани низомиёни рус дар Тоҷикистонро надорем
Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) дар ҳузури раҳбарони парлумони кишварҳои узви ин созмон изҳор дошт, ки нақшаи зиёд намудани низомиёни Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад.
Бордюжа дар нишасти шӯрои Ассамблеяи парлумонии СПАД, ки 6-уми ноябр бо ҳузури Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар Маскав баргузор шуд, изҳор дошт, ки ҳар мушкили эҳтимолие, ки метавонад дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ба вуҷуд ояд, нерӯҳои низомии мавҷуда дар минтақа метавонанд, бартараф кунанд: “Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дар наздикии сарҳадҳо бо Афғонистон нерӯи низомии кофӣ мавҷуд аст, ки аз уҳдаи иҷрои ҳар гуна вазифа мебарояд ва дар сурати зарурат нерӯҳои дастҷамъии фаврии СПАД истифода хоҳанд шуд.”
Ин дар ҳолест, ки қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия аз тақвияти пойгоҳҳои низомии кишвараш дар нуқоти гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ хабар дода, афзуд, ки таҷҳизонидани онҳо бо силоҳи нав идома хоҳад ёфт.
Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон калонтарин воҳиди хушкигарди ин кишвар дар хориҷ буда, ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)