“Биёед, моро бубаред!” Лавҳае дар манзили қотили Бин Лодин
Ҳуввияти сарбози амрикоӣ, ки се соли қабл Усома бин Лодин, бунёдгузор ва раҳбари “Ал-Қоида”-ро ба қатл расонд, ошкор гардид.
Нашрияи “Daily Mail” бо такя ба як веб-сайти низомии амрикоӣ аз қотили бин Лодин - Роберт Унийлл ном бурда, навиштааст, ӯ собиқ сарбози нерӯҳои баҳрии Амрико мебошад, ки баъд аз 16 соли хидмат саффи артиши ин кишварро тарк кардааст. “Ӯ зодаи иёлати Монтанаи Амрико буда, ҳоло ба ҳайси як суханвари ҳирфаӣ шинохта шудааст ва интизор меравад, рӯзҳои наздик бо шабакаи телевизионии “Фокс Нюз” мусоҳибаеро анҷом диҳад”,- навиштааст “Daily Mail”.
Падари Унийлл низ дар суҳбат бо ин нашрия иқрор кардааст, ки маҳз писараш рӯзи 2 майи соли ҷорӣ бо кушодани се гулӯла ба сари бунёдгузори “ал-Қоида” ӯро ба қатл расонидааст. Падари сарбози амрикоӣ дар посух ба суоли хабарнигор, ки вақте ҳуввияти писараш ошкор шудааст, ҳеч ҳаросе аз ҳамлаҳои эҳтимолии “ал-Қоида” ва Созмони Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом надоранд, гуфтааст, “болои хонаам лавҳаи бузургеро бо навиштаи “Биёед, моро бубаред!” насб кардаам”.
Унийлл бо дараҷаи афсарии артиши Амрико ва соҳиб шудани 52 медал дар тули 16 соли хидматаш ҳоло аз саффи неруҳои низомии кишвараш берун рафтааст. Нашрия менависад, ҳамкорони Унийлл бо навиштани номае ӯро ба хотири ошкор кардани сирри гуруҳ ва ҳувияти худаш сарзаниш карда, гуфтаанд, “яке аз муҳтавои ахлоқии паймонномаи мо ошкор накардани моҳияти корамон ва аҳамият надодан ба ташвиқҳои дигарон буд. Мо ба тааҳҳуд ва пазириши масъулият дар ҳини хидмат ва дар берун аз он бовар дорем. Нақзкунандагони ин усули ахлоқӣ узви гуруҳи хуби мо нестанд ва наметавонанд ҷангҷӯёни хуби нерӯҳои баҳрӣ бошанд”.