Изҳори боварии Эмомалӣ Раҳмон ба Лу Шан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба Чин бо Лу Шан, директори кулли ширкати роҳу пулсозии ин кишвар вохӯрдааст.
Тавре аз дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Лу Шан дар робита ба татбиқи лоиҳаҳои мавҷуда ва ояндаи дуҷониба гуфтугӯ кардааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон сипоси сокинони кишварро ба раҳбари ин ширкати роҳу пулсозии Чин, ки чанд лоиҳаи роҳсозӣ, аз ҷумла сохтмону навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок бо нақби Шаҳристон аз сӯи он татбиқ шудааст, расонида, “изҳори бовар намуд, ки минбаъд ҳам онҳо дар сохтмону навсозии роҳу пулҳои дигари Тоҷикистон ва ҳам дар омодасозии мутахассисони варзидаи тоҷик дар ин соҳа саҳми намоён хоҳанд дошт”.
Инчунин дар ин мулоқот масоили вобаста ба омодасозии лоиҳаи навсозии қитъаи Қалъаи Хумб-Хоруғи шоҳроҳи Душанбе-Кулма-Чин матраҳ гардида, таъкид гардидааст, ки то аввалҳои соли 2015 лоиҳа омодаю тасдиқ гардида, татбиқи амалии он тобистони ҳамон сол оғоз хоҳад шуд.