Талаби Иманкожоева аз парлумон: Фурӯши нос манъ шавад
Бархе аз вакилони парлумони Қирғизистон хостори манъи фурӯши нос дар қаламрави кишварашон шудаанд.
Эркингул Иманкожоева, намояндаи мардумии қирғиз зимни ироаи ин пешниҳод дар парлумон гуфтааст, дархости онҳо барои манъи фурӯши нос замоне сурат мегирад, ки табибони кишвараш аз хатари он ба саломатии инсон ҳушдор медиҳанд.
Иманкожоева мегӯяд, бо вуҷуди он ки ин навъи тамоку ба саломатии инсон зарари зиёд дорад, аксари ҷавонони қирғиз онро истеъмол мекунанд ва ҳукумат ҳам дар ин бора чораандешӣ намекунад: “Ҳукумати Қирғизистонро зарур аст, дар ин самт фаъолияти худро пурзуртар кунад.
Нос як навъи маводи тамоку аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар истифода мешавад. ” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)