Ваъдаи 800 миллион доллари вилояти Хэнан ба Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар ҷумҳурии мардумии Чин қарор дорад, субҳи имрӯз, 7 ноябр бо Ли Жуогу, президенти Бонки содироту воридот (Эксимбонк)-и он кишвар мулоқот кардааст.
Тавре дафтари матбуотии райисиҷумҳури кишвар хабар медиҳад, дар ин дидор зикр шудааст, “бо қарзҳои имтиёзноки Эксимбонки Чин дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёту энергетика ва дигар бахшҳои иқтисоди кишвар амалӣ шудаанд ё дар ҳоли татбиқ қарор доранд”. Манбаъ мегӯяд, имрӯз имзо чанд созишномаҳои нави қарзӣ миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистон ва Эксимбонки Чин дар назар аст.
Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Сиэ Фучжан, волии музофоти Хэнани Хитой мулоқот кардааст. Дар ин дидор масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин музофоти Чин баррасӣ шуда, ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноатро имзо кардаанд. “Тибқи он аз ҷониби ширкатҳои ин музофот дар Тоҷикистон бо харҷи беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ корхонаҳои зиёди саноатӣ бунёд хоҳад ёфт. Дар навбати аввал комбинати орд, корхонаи нуриҳои минералӣ ва заводҳои равғанкашӣ ва коркарди тухмии зироатҳои кишоварзӣ бунёд меёбанд. Минбаъд ҳамчунин сохтмони корхонаҳои истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, хӯроки омехтаи чорво ва бунёди хоҷагиҳои чорводорӣ дар назар аст”,-афзуд сарчашмаи хабар.
Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон мегӯяд, "имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин ва роҳбарони як қатор сохторҳои дигари ин кишвар мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад”.
Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Муколамаи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором рӯзи 6 ноябр ба Чин рафт. Муколамаи мазкур рӯзи 8 ноябр дар шаҳри Пекин баргузор мешавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)