Шоми дирӯз дар майдони Тақсим, воқеъ дар маркази Истамбул беш аз 2000 сокинони ин шаҳр бо нишони эътироз алайҳи Исроил роҳпаймоӣ карданд.
Хабарнигори "Озодагон" аз Истанбул мегӯяд, эътирозгарон дар даст парчами Фаластинро доштанд ва зидди Исроил шиор медоданд. Як зани эътирозгар дар суҳбат ба хабарнигори мо далели ин роҳпаймоиро беэҳтиромии исроилиҳо нисбат ба муқаддасоти Ислом дар Фаластин гуфтааст. Ба қавли ӯ, оташ задани масҷиде дар Фаластин ва пора кардани китоби Қуръон аз ҷониби исроилиҳо ғазаби онҳоро барангехт: "Мо мусалмон ҳастем ва чунин рафторро таҳаммул карда наметавонем".
ВИДЕОИ РОҲПАЙМОИРО ИНҶО БУБИНЕД