Ду консерти Нигина ва Далер дар як рӯз (ВИДЕО)
Нигина Амонқулова, хонандаи маъруфи тоҷик баъди консерти муштарак бо Дамирбек Олимов, ки 15 ноябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мешавад, бо Далер Хонзода, сарояндаи узбакистонӣ консерт медиҳад.
Ин консерт 16 ноябр дар “Кохи Ҷомӣ” соатҳои 14:00 ва 17:00 дар назар аст. Далер Хонзода, овозхони гуруҳи шинохтаи “Саҳро” аст, ки дар Тоҷикистон бо таронаи “Ёд кардам” маъруф мебошад. Дар саҳифаи расмии гуруҳи “Саҳро” зодгоҳи Далер Хонзода шаҳри Регар гуфта мешавад, аммо ҳоло ӯ дар Узбакистон зиндагӣ дорад. “Саҳро”, яке аз гуруҳҳои муваффақ дар он кишвар аст, ки бештар бо узбакӣ, русӣ ва англисӣ суруд мехонад.