20 сол қабл дар ҳамин рӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол Конститутсияи худро қабул кард. Дар ин муддат ду маротиба солҳои 1999 ва 2003 ба он тағйиру иловаҳо ворид шуд. Суоли “Озодагон” аз коршиносону соҳибназарони тоҷик ин буд, ки САРҚОНУН БА ТАҒЙИРОТ НИЁЗ ДОРАД?
Маҳмадалӣ ВАТАНОВ, вакили парлумон
Албатта Конститутсияи Тоҷикистон догма нест. Алакай 20 соли амали он нишон дод, ки он ба тағйиру иловаҳо ниёз дошт ва бо ҳамин сабабҳо 2 маротиба ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Агар гӯем, Сарқонуни мо дигар ба такмил эҳтиёҷ надорад, ин баробари он аст, ки бигӯем ҷомеаи мо рушд намекунад. Бинобар ҳамин дар баробари рушдёбӣ алакай баъзе сару садоҳо ва масъалаҳо пайдо шуда истодаанд, ки дар бораи такмили Конститутсия сухан меравад. Ин масъала албатта, масъалаи вақт аст ва бо пайдо шудани зарурат ба он тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад.
Ашурбой ИМОМОВ, собиқ раиси Кумитаи назорати конситутсионии Тоҷикистон
Баъзе меъёрҳо бо мурури ин 20 сол ба тағйирот эҳтиёҷ доранд. Масалан механизмҳои татбиқшавии моддаи сеюм, усули таҷзияи ҳокимият дар қонунгузории иҷроия ва судӣ. Барои пурзӯр кардани нақши қонунгузории мақомотм судӣ албатта Конститутсия он механизмҳои иловагиро муқаррар карданаш лозим аст. Гап сари он аст, ки меъёрҳои Конститутсия чандон фаъол кор намекунанд.
Муҳиддин КАБИРӢ, вакили парлумон
Сарқонун санаде аст, ки баёнгари воқеъиятҳо ва хостаҳои аксари мардум бояд бошад ва танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ бояд тағйирот ворид шавад. Агарчи, тамоми воқеъиятҳои кишварро имрӯз инъикос накунад ҳам, то он ҳад фарогир ҳаст, ки рушди кишвар ва ҳар шаҳрвандро таъмин намояд. Ба шарте, ки меъёрҳояш татбиқ шавад аз тарафи мақомот. Зарурати ворид намудани тағйиротро дар ин марҳала намебинам, чун агар дари тағйиротҳоро каме боз кунем, бо истифода аз он боз чандин тағйиротҳои барои мардум нолозим, вале мавриди назари баъзе доираҳо ворид мешавад. Ҳамин будаашро беҳтар татбиқ намоем, кофист.
Шокирҷон ҲАКИМОВ, доктори улуми ҳуқуқ, муовини раиси ҲСДТ
Вазифаи Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ба вуҷуд овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву сиёсӣ барои рушди устувори минбаъдаи давлатдорӣ ва муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ мебошад. Таҳаввулоти ҷаҳони муосир ва равандҳои дохили кишвар водор менамояд, ки Конститутсияи нав қабул карда шавад ё ба қонуни асосии амалкунанда ислоҳотҳои ҷиддӣ ворид шавад. Бо вуҷуди онки дар 20 соли амали ҳамин Конститутсия ба он тағиротҳо ворид карда шуданд, вале таҷриба гувоҳӣ он аст ки Конститутсияи амалкунанда ду мушкил дорад. Аввал на ҳамаи меъёрҳои муқаррарнамудаи он самаранок амалӣ шудаанд ва дуюм, риоя ва иҷрои он аз омилҳои объективӣ ва субъективӣ бо дарназардошти гуруҳҳои муайяни иҷтимоӣ татбиқ мешаванд.
Доштани Конститутсия шаҳодати давлати конститутсионӣ нест ва давлатҳоеро номбар кардан мумкин аст, ки қонуни асосии навиштаро дар шакли мушаххас надоранд, аммо дар онҳо ҳокимияти давлатӣ маҳдуд шудааст, бидуни ягон баҳона ҳокимият иваз мешавад, ҳуқуқу озодиҳои инсон кафолат, таъмин ва риоя мегардад. Бинобар ин агар субъекти ташаббуси қонунгузорӣ, ки онҳоро ҳамин Конститутсия муқаррар намудааст, зарурати такмилу ислоҳоти онро мувофиқи мақсад донанд, пас ба чунин кори ҷиддӣ на танҳо мутахассисону олимони соҳаи марбутае, ки дар идораҳои давлатӣ ва донишгоҳу академия кор мекунанд, ҷалб карда шаванд, балки иштироки фаъолонаи намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар ин раванд низ яке аз шартҳои хеле муҳими ба инобат гирифтани андешаҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа гардида боиси таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷате мешавад, ки бо дарназардошти пазируфтани афкори ҷамъиятӣ ба талаботи замони муосир муиобиқат менамояд. Ҳамзамон бояд таъкид намоям, ки механизми ислоҳоти конститутсионӣ баҳона ва сабаби ба вуҷуд овардани тамдиди ваколати мансабдорони мушаххас ва шохаҳои мухталифи ҳокимияти давлатӣ нагардад. Тавре, ки аз таҷрибаи кишварҳои ғайридемократӣ бармеояд, онҳо конститутсияро ҳамчун воситаи ҳуқуқии дар қудрат мондан истифода бурда иштироки шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат маҳдуд мекунанд.
Саъдӣ МАҲДӢ, устоди ДМТ
Сарқонуни мо, ки дар қатори панҷ Конститутсияи ҷаҳон аз беҳтаринҳо маҳсуб мешавад, ба тағйирот ниёз надорад, вале замона дигар мешавад, пешравиву тараққиёт. Шояд вобаста ба ҳамин омилҳо тағйирот ворид шавад. Аммо чизҳое ҳастанд, ки бояд дигар нашаванд. Мисли комилияти ҳудудии ҷумҳурӣ ва дигар арзишҳои милливу фарҳангӣ. Дар хусуси муҳлати президентӣ ҳаминро гуфтаниям, ки муҳлат хох панҷу хох ҳафт, ҳама гузаранда аст. Муҳимаш натиҷа ва созандагӣ аст, ки то кадом андоза президент дар ин давра муваффақ мешавад ва некуаҳволии мардум то кадом дараҷа боло меравад. Фикр мекунам, мисли бисёр мамлакатҳои дунё 5 сол бошад, беҳтар аст.
Аброри АҲМАД, таҳлилгар
Фикр мекунам, ҳоло тағйир додани Қонуни асосӣ боз ҳам ба фоидаи клани ҳоким хоҳад шуд, зеро метавонанд чун баъди ислоҳоти соли 2003 муҳлати раҳбарии президенти кунуниро ба далели тағйири Қонуни асосӣ боз аз сифр шурӯъ кунанд. Ҳоло, ки баъди соли 2020 чунин баҳонаро надоранд. Фикр мекунам, агар ислоҳе анҷом доданӣ бошанд, бояд баъди соли 2020 дар фикраш шаванд, вагарна ғайри тамдиди замони раёсати ҷаноби Раҳмон натиҷае нахоҳда дод.
Иззат АМОН, коршиноси масоили сиёсӣ
Сарқонуни Тоҷикистон ба гумони ман ниёзе ба тағйирот надорад, зеро мувофиқ бо меъёрҳои байналмиллалӣ навишта шудааст. Он чи оид ба тағйири муҳлати президентӣ дар Сарқонун соли 2005 сурат гирифт, ҷуз ҷиноят чизи дигаре нест. Мутмаинам, соли 2020 Сарқонун боз ба ҳолати қаблӣ яъне муҳлати 5 солаи раёсатҷумҳурӣ баргардонида мешавад. Ин кор боз ба Раҳмон имкон медиҳад, то барои 10 соли дигар курсии раисҷумҳуриро аз даст надиҳад. Зеро то ҳол дар ҳеч кишвари дунё диктотур ба ихтиёри худ аз раёсат даст накашидааст.