Шоми имрӯз дар осорхонаи мусиқии Гурминҷ Завқибекови шаҳри Душанбе мулоқоти ҳаводорони мусиқӣ бо Далер Назаров, овозхони саршиноси тоҷик баргузор мешавад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази фарҳангии «Бохтар» иттилоъ доданд, маблағе ки аз ин маҳфил ба даст меояд, ба хазинаи осорхона тақдим хоҳад гашт, ки асосан бо мадади мухлисон ва созмонҳои гуногун таҳия шудааст.
Маврид ба ёдоварист, осорхонаи мазкур дар соли 1990 аз маҷмӯаи гирдовардаи ҳунарпешаи маъруфи театр ва синамо мураттаб шудааст. Гуфтанист, Гурминҷ Завқибеков ҳамчунин дар парвариши ҳунрамандони ҷавон, аз ҷумла Далер Назаров ва Муборакшо Мирзоеву дигарон нақши босазо дорад.{jathumbnail off}