Раёсати умури дохилии вилояти Саратов, имрӯз, 5-уми ноябр бо баргузории як нишасти хабарӣ омилҳои сӯзондани бозори “Сенной”-ро аз ҷониби соҳибкорзани тоҷикистонӣ, Рафида Минигалеева шарҳ додааст. Ин шаҳрванди 52-солаи Тоҷикистон баъди 8 моҳи кофтукоб 31-уми октбяр дар Маскав боздошт гардида, феълан ба Саратов интиқол дода шудааст.
Андрей Чепурной, ноиби сардори пулиси вилояти Саратов мегӯяд, ин зан дар яке аз хаймаҳои бозори “Сенной” ба фурӯши либосҳои махсуси моҳигирӣ машғул будааст ва зимни бозпурсӣ изҳор доштааст, ки он замон мушкили молӣ доштааст ва бозорро ба нияти худкушӣ сӯзондааст: “Сабти дастгоҳҳои назоратӣ нишон доданд, ки аз нуқтае, ки оташ сар зад, ин зан бо як зарфи панҷлитрӣ баромад. Маводи сӯхтро ин зан чанд рӯз пеш аз ҳодисаи сӯхтор овардааст ва баъди сӯхтор боз аввалин шуда, ба муҳофизон хабар додааст. Ӯ қаблан низ дар суҳбат бо наздиконаш аз нияти худкушӣ суҳбат кардааст.”
Пулиси Саратов инчунин мегӯяд, вақти даст задан ба сӯхтор ин зан дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Ба иттилои мақомоти пулиси Русия ин зан шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта, соли 2002-юм аз Узбакистон ба Саратов рафтааст.
Ҳодисаи сӯхтори бозори “Сенной” моҳи феврали соли равон рух дода, дар пайи он 1500 метри мураббаи бозор нобуд шуда, ҳудуди 200 соҳибкор зарар дидаанд. Мақомоти пулис мегӯянд, алайҳи ин шаҳрванди 52-солаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ аз рӯи иттиҳоми нобуд кардани моли шахси дигар боз шуда, ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Нишондоди Рафида Минигалеева:
ВИДЕОИ сӯхтори бозори "Сенной" дар моҳи феврали соли равон: