Даргузашти Қурбон Чолов дар пайи фишорбаландӣ ва дарди дил
Қурбон Чолов, яке аз собиқ фармондеҳони Фронти халқӣ субҳи 5-уми ноябр дар синни 55-солагӣ дар пайи фишорбаландӣ ва дарди дил аз олам даргузашт.
Тибқи иттилои пайвандони Чолов собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ дар зодгоҳаш-Қишлоқи тиллоии минтақаи Кӯлоб ба хок супорида мешавад. Қурбон Чолов баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба хидмати низомӣ машғул шуда, солҳои охир дар нафақа қарор дошт ва бештари вақтро дар манзили зисташ дар ҷануби Душанбе, поёни бозори Корвон мегузарондааст.
Қурбон Чолов аз хонаводаи маъруфи Чоловҳои шаҳри Кӯлоб аст, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз сернуфузтаринҳо маҳсуб меёфтанд. Чоловҳо-даҳ бародарон, аз ҷумлаи қумандонҳоеянд, ки баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ба тиҷорат машғул шудаанд ва баъдан чанд нафари онҳо бо иттиҳомҳои гуногун пушти панҷара рафтанд.
Айни ҳол аз дороии нисбатан назарраси Чоловҳо дар Душанбе, маркази тиҷоратии Панҷшер арзёбӣ мешавад, ки дар бозори Саховат ҷойгир аст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)