Тоҷикистонро дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии Кудо миёни наврасон Беҳзод Нормуродов намояндагӣ мекунад
Аз 14 то 16 ноябр дар шаҳри Токиёи Ҷопон 4-умин Мусобиқаи ҷаҳон оид ба Кудо миёни бузургсолон ва нахустин Чемпионати ҷаҳон дар ин ришта миёни наврасон баргузор мешавад. Аз Тоҷикистон танҳо як варзишгар ва он ҳам дар сабқат миёни наврасон иштирок мекунад.
Бино ба иттилои расида, дар мусобиқаи мазкур варзишгарони кишварҳои Аврупо, Осиё, Африқо ва Амрико ширкат меварзанд. Тоҷикистонро дар ин сабқат Беҳзод Нормуродов намояндагӣ хоҳад кард. Нормуродов нахустин варзишгари тоҷик аст, ки дар мусобиқаи сатҳи ҷаҳонии Кудо иштирок мекунад. Ӯ зери раҳбарии Албек Насриддини қазоқистонӣ, ки бо даъвати Федератсияи Кудои Тоҷикистон ба Душанбе омада буд, тамрин кардааст.
Аз рӯйи вазн Беҳзод бо Эдгар Калян, яке аз варзишгарони шинохтаи Русия қувваозмоӣ хоҳад кард.