Як ҳайати ҳукуматӣ ҳафтаи оянда аз Тоҷикистон озими Ню-Йорк мешавад.
Тибқи иттиллои департаменти иттилооти вазорати умури хориҷа, ин боздиди масъулини баландпояи ҳукумати ҶТ ба хотири ширкат дар иҷлосияи 66-уми Маҷмаи Умумии СММ сурат гирифта, ҳайати мазкурро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ роҳбарӣ хоҳад кард.
Манбаъ афзуд, ҷаноби Зарифӣ дар ҷаласаи МУ СММ аз номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, дар якчанд чорабиниҳои дар ҳошияи ин нишаст барпошаванда иштирок мекунад.
Дар доираи сафари кории вазир умури хориҷаи ҶТ ба Ню-Йорк, инчунин мулоқотҳои дуҷонибаи ӯ ба нақша гирифта шудаанд.{jathumbnail off}