Тоҷикистон зидди силоҳ дар кайҳон: Амрико норозист
Тоҷикистон бо ҷонибдории лоиҳаи эъломияи Асанблеяи генералии Созмони миллали муттаҳид оид ба ҷой накардани силоҳ дар кайҳон” хостори озод мондани кайҳон аз ҳар гуна силоҳ шудааст.
Ин санад бо ташаббуси Русия ва ҳаммуаллифии Тоҷикистону 31 кишвари дигар таҳия шуда, ахиран аз ҷониби 126 давлати узви Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ гардид. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Русия зидди ин эъломия танҳо ИМА, Исроил, Гурҷистон ва Украина баромад кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, яке аз нуқтаҳои асосии ин санад тасдиқи масъулияти сиёсӣ барои иҷрои меъёрҳои эъломия аст, ки аллакай Тоҷикистон ва 10 кишвари дигар- Аргентина, Арманистон, Белоруссия, Бразилия, Индонезия, Қазоқистон, Қирғизистон, Куба, Русия ва Шри-Ланка онро иҷро кардаанд.
Муаллифони лоиҳа дар шарҳи зарурати тасвибу иҷрои ин санад овардаанд, ки тасдиқи он аз ҷониби кишварҳои фаъол дар кайҳон имкон медиҳад, ки мусаллаҳшавии босуръат дар кайҳон ҷилавгирӣ шаваду иншооти кайҳонӣ аз ҳамла ҳифз гарданд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)