Баҳси баробарии гендерӣ дар суҳбати Аслов бо хонум Зейтлин
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ҷун Зейтлин, намояндаи махсуси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба масъалаҳои гендерӣ мулоқот кардааст.
Тавре аз дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар хабар доданд, дидори Аслов бо хонум Зейтлин зуҳри 4 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар ин мулоқот масоили марбут ба баробарии гендерӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.