Суҳроб Шарипов: Бисёр корхонаҳо аз қабули афвшудаҳо худдорӣ мекунанд
Давоми ду рӯзи ахир дар доираи қонуни афв ду ҳазор маҳбус ба озодӣ баромаданд. Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмӯъ бар асоси қонуни афв, ки ба муносибати 20-умин солгарди Сарқонун эълон шудааст, ҳудуди 3500 нафар аз зиндонҳо ва 4500 тан аз колонияҳои маскунӣ раҳо шаванд. Дар робита “Озодагон” аз коршиносон пурсид, ки Барномаи мутобиқгардонии афвшудаҳо вуҷуд дорад?
Суҳроб ШАРИПОВ, вакили парлумон
Дар Тоҷикистон ин гуна барномаҳои мушаххас вуҷуд надорад. На танҳо дар давлати мо, балки дар бисёр давлатҳо вуҷуд надорад. Эҳтимол дар баъзе кишварҳо бошад. Дар шароити имрӯзаи иқтисодии мо мутобиқшавии иҷтимоӣ-сиёсии афвшудаҳо аз худи онҳо вобаста мебошад. Дар давлатҳои тараққикарда марказҳои психоаналитикӣ вуҷуд дорад, ки ба мутобиқшавии онҳо ба ҳаёти маъмулӣ кумак мекунад. Дар замони Шуравӣ ба ин гуруҳи одамон имкони кор намедоданд ва ин руҳия то ҳол идома дорад. Бисёр корхонаҳо аз қабули афвшудаҳо худдорӣ мекунанд. Се омил - психологӣ, иҷтимоӣ ва проблемаи иқтисодӣ вазъияти мутобиқшавии авфшудаҳоро муайян мекунад.
Фариддун ҲОДИЗОДА, таҳлилгар
Шояд ки бошад, мо хабар надорем ва ё шояд набошад. Вале аз рӯи ҳисобҳои оморӣ баъди амалӣ шудани афв ва озод шудани маҳбусон сатҳи содир кардани ҷиноят камтар зиёд шуда буд. Ин нишондиҳандаи он аст, ки ягон барномаи махсуси мутобиқ кардани маҳсбусони афвшуда ба ҳолати одии зиндагӣ мавҷуд нест. Масалан ду сол пеш вақте ба муносибати 20-солагии истиқлолият қонуни авф тадбиқ гардид, сатҳи ҷинояткорӣ зиёд шуд.
Комёб ҶАЛИЛОВ, ҳуқуқшинос
Ман намедонам, ки ягон барномаи махсус дар ин замина вуҷуд дорад ё на. Вале онҳо метавонанд худ ҷо ёфта, кору зиндагӣ кунанд ва аз гузашта фаромӯш намоянд. Барнома барои ҳама як чиз аст. Ончи ки ҳозир дар ҷамъият вуҷуд дорад, аз он истифода намуда, зиндагӣ кардан лозим аст, дигар роҳе нест. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)