Ҷумҳурият Кабириро аз зумраи 10 сарватманди Тоҷикистон хонд
“Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо нашри матлабе “ҳарос”-и мақомот аз овозаи митинг ва ҳодисаи 10 октябрро шарҳ дода, аз амалгаро набудани Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони кишвар “гила” кардааст.
Ин нашрия мегӯяд, пурзӯр шудани тадобири амниятӣ дар пайи овозаи митинг нишонаи омодагии вазоратҳои дахлдори Тоҷикистон барои ҳифзи субот дар ин гуна ҳолатҳо буда, мақомоти давлатҳои абарқудрат низ дар ин вазъият аз шеваи мазкур кор мегирифтанд. “Бигузор он овозае буд ё кӯшиши воқеии чанд бадандешу бадкирдоре баҳри аз эътидол баровардани вазъият дар кишвар. Вале вазоратҳои масъул омодагии худро ҳамаҷониба дар самти пешгирии ҳодисаҳои ҳамсон, ҳимояи амнияту осоиштагии сокинони ҷумҳурӣ нишон доданд, ки қобили таҳсин аст. Онҳо коре карданд, ки тамоми давлатҳои қудратманд дар марҳалаи ҳозира анҷом медиҳанд. Баръакс, бетаваҷҷуҳӣ дар ин росто, оқибаташ вазъиятест, ки дар Сурияю Ироқ ва Украина фарогир аст”, навиштааст нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон.
Дар идома “Ҷумҳурият” Муҳиддин Кабирӣ, райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар парлумонро дар шиорпартоӣ ва беамалӣ муттаҳам кардааст. Муаллифи ин матлаб мегӯяд, Кабирӣ аз ҷасорати худ танҳо дар баробари ҳукумати кишвар дарак медиҳаду “ҳукуматро муттаҳам месозад, ки “имконот ва озодиҳои минималиро барои мардум таъмин намекунад, иҷозати ба масҷид рафтанро намедиҳад, масъалаи рӯймолу риш ва ҷомаашро доим миннат мекунад, раъяшро тақаллуб мекунанд, моликияташро аз дасташ мегиранд, барқ намедиҳанд ва даҳҳо мушкили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии дигарро болои мардум меоранд”.
Ба қавли муаллифи матлаб, раиси ҲНИТ дар ҳоле аз ин камбудҳо лаб боз мекунад, ки худ имконоти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриро беҳтар аз ҳама медонад ва дар радифи даҳ сарватманди ҷумҳурӣ қарор дошта, фарзандонаш аз тамоми имтиёзот бархурдор ва муҳассилини донишгоҳҳои бонуфӯз ҳастанд: “Ҳамаи инро нафари огоҳе мегӯяд, ки медонад: масъалаҳои рӯймолу ришу ҷомаю ғайра танҳо дар мавриде бардошта мешаванд, ки ришҳои хашину ҷомаҳои чиркин, куртаву эзори бегона кӯчаю хиёбонҳои зебою озодаи моро шабеҳи кӯҳнабозори асримиёнагӣ мегардонанд”.
Дар охир аз раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даъват шудааст, ба ҷои шиорпартоӣ ба амалгароӣ рӯй биёраду баҳри беҳбуди вазъи сокинони кишвараш кореро анҷом диҳад: “Зиндагиро танҳо бо амал метавон ислоҳ кард. Бо сухани зебою шиорпартоӣ наметавон мардумро бо барқ таъмин намуд. Пас беҳтар нест, ки сафедро сафеду сиёҳро сиёҳ гӯем?” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)