Ташаккури райиси ҷумҳур аз Оқохони IV
Алмосбек Отамбоев, райисиҷумҳури Қирғизистон Оқохони IV, роҳбари исмоилиёни ҷаҳонро ба ҳузур пазируфтааст.
Дафтари матбуотии президенти Қирғизистон мегӯяд, дар ҷараёни ин дидор фаъолияти Созмони Оқохон оид ба рушд, инчунин тарҳҳое, ки аз ҷониби оҷонсиҳои ин созмон дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, рушди тиҷорати хурд, фарҳангу туризм амалӣ мешавад, ба баррасӣ гирифта шудааст.
Дурнамои фаъолияти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Нарин яке аз идгар мавзӯъҳои баррасишудаи ин мулоқот будааст. Ба иттилои манбаъ, Алмосбек Отамбоев барои фаъолияти пурсамари Созмони Оқохон оид ба рушд дар Қирғизистон ба раҳбари исмоилиёни ҷаҳон изҳори ташаккур карда, зарурати роҳандозии лоиҳаҳои онро барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвараш муҳим хондааст.
Боздиди Оқохони IV аз Қирғизистон дар ҳолест, ки қаблан гуфта мешуд, эҳтимол дорад, ӯ тирамоҳи соли равон аз Тоҷикистон дидан кунад. Қарор буд, Оқохони IV ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими оғози бунёди нерӯгоҳи барқии Себзор дар Бадахшон, ки бо маблағгузории Бунёди Оқохон бунёд мегардад, иштирок намоянд. Аммо як манбаъ аз созмонҳои Оқохон дар Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, ин сафар лағв шудааст. Манбаи “Озодагон” афзуд, бо эҳтимоли зиёд ин боздид моҳи июни соли 2015 дар рӯзҳои таҷлил аз Ваҳдати миллӣ анҷом мешавад.