Мақоми охири Тоҷикистон дар рейтинги Prosperity Index 2014
Пажуҳишгоҳи Легатум, марказаш дар Лондон, дар гузориши солонаи “Шохиси шукуфоӣ 2014” (Prosperity Index 2014)-и худ Тоҷикистонро миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи аз ҳама охир нишондааст.
Ин созмон мегӯяд, дар раддабандии имсолааш, ки фарогири 142 кишвари дунё аст, Тоҷикистон мисли соли 2013 дар мақоми 94-ум қарор дорад. Бар асоси гузориши Легатум, аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ танҳо Арманистон дар ин раддабандӣ зинаи поинтаре аз Тоҷикистонро соҳиб шуда, зинаи 95-ро муаррифӣ мекунад.
Пажуҳишгоҳи Легатум аз соли 2009 ба ин сӯ, шохиси солонаи шукуфоии кишварҳои дунёро нашр мекунад ва он аз рӯи омори иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, озодии шахс, амният, имкониятҳои соҳибкорӣ, мудирият ва сармояҳои иҷтимоӣ натиҷагирӣ мешавад.
Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон аз нигоҳи иқтисод дар зинаи 118-ум, маориф - 64, тандурустӣ – 98, озодии шахс -105, амният – 59, имкониятҳои соҳибкорӣ – 107-ум, мудирият – 109 ва сармояи шахсӣ дар мақоми 64-ум қарор дорад.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама мақоми баланд ба Қазоқистон дода шудааст. Ин ҷумҳурӣ зинаи 55-умро муаррифӣ мекунад. Узбакистон дар раддаи 57 ва Қирғизистон дар зинаи 74 –ум ҷойгир аст, номи Туркманистон умуман бурда нашудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)