Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ахиран аз ноҳияи Ғончӣ дидан кард.
Зимни сафараш ба ин минтақа номбурда дар маросими ифтитоҳи иншооти тозабунёд иштирок ва бо мардуми ноҳия мулоқот дошт. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилоят иттилоъ доданд, Қоҳир Расулзода нахуст ба деҳаи Нуробод (Кучкина)-и ҷамоати деҳоти Муҷуми ноҳия ташриф оварда, толори варзиширо ифтитоҳ кард.
Раиси вилоят лентаи рамзии толори варзиширо бурид ва нахустин шуда волейболбоздухтарони деҳа ба бозӣ шурӯъ намуданд. Зимнан, Расулзода ин иқдомро боиси дастгирӣ арзёбӣ намуда, ба бунёдкорони ин толори варзишӣ арзи сипос баён дошт.{jathumbnail off}