40 сомонӣ ҷаримаи муаллимаи мактаб барои “оташбозӣ”-и шогирдаш
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Фарида Мирзоева, муаллимаи макбати № 6-и пойтахтро барои беназорат гузоштани як хонандаи ин мактаб 40 сомонӣ ҷарима бастааст.
Ба иттилои торнамои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Фарида Мирзоева ҳамчун омӯзгор уҳдадории худро иҷро накардааст ва дар натиҷа “Исмоил Воҳидов, хонандаи синфи 5 рӯзи 23 сентябр, соати 15:00 вақти соати дарсӣ ба мактаб нарафта дар ошёнаи 7-уми бинои №32, кӯчаи Теҳрони Душанбе бо гугирди дар дасташ буда коғазҳоро оташ зада ва ҷони худу моликияти шаҳрванданро дар хатар мондааст”.
Манбаъ мегӯяд, Фарида Мирзоева дар мурофиаи судӣ худашро гунаҳгор шуморида баёнот додааст, ки аз беназоратии ӯ ноболиғ Исмоил Ваҳидов ба ин амал даст задааст: “Муаллима ваъда медиҳад, ки нисбат ба рафтори хонандагоне, ки таҳти назорати ӯ мебошанд назоратро пурзӯр менамояд”.
Тибқи иттилои манбаъ, Ширинзода Ҷурабек, судияи ноҳия Исмоили Сомонӣ Мирзоеваро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор дониста ба ӯ бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи як нишондиҳанда, баробар ба 40 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кардааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)