Мусодираи “хлопушка” 57 рӯз қабл аз соли нав
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ноболиғи 14- сола бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ хабар додааст.
Торнамои ин ниҳод менависад, “3 ноябри соли равон аз ноболиғ Т.И 3824 дона маводҳои тарфгарии намуди “хлопушка” дарёфт ва мусодира шудааст”.
Манбаъ Т.И-ро истиқоматкунандаи шаҳри Қайроққум гуфта, хабар додааст, ки барои ин амал нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.