Шурӯи овоздиҳӣ барои Зарина Тоҷибоева дар “Евровидение-2015” (ВИДЕО)
Овоздиҳӣ барои Зарина Тоҷибоева, як тоҷики муқими Швейтсария дар қисмати интихобии “Евровидение-2015” оғоз шудааст.
Тоҷибоева бо таронаи “We fly” довталаби ин озмуни маъруфи Аврупо аст. Овоздиҳӣ тавассути нишонии https://esc.srf.ch/en-ch/zarina имконпазир буда, то 17 ноябр идома хоҳад кард.
Аммо танҳо назари тамошобинон барои интихоби намояндаи Швейтсария дар “Евровидение-2015” кофӣ нест. Як ҳайати доварони мустақил низ ба довталабон баҳогузорӣ хоҳанд кард. Озмуни “Евровидение” соли 2015 дар Австрия баргузор хоҳад шуд.
Зарина Тоҷибоева вақте донишҷӯи Донишгоҳи текникии Тоҷикистон буд, бо кумаки барномаи IRST ба Олмон рафт. Он ҷо ба донишгоҳи Сарбикини Олмон дохил шуда, баъдан ба Шветсария меравад. Ӯ дар як суҳбати ихтисосӣ ба бахши тоҷикии Бӣ-бӣ-сӣ дар соли 2010 гуфта буд, дар дурӣ аз Ватан ба зару зевар ва ороишҳои суннатии тоҷикӣ муҳаббати вижа пайдо кардаву манзилашро бо қолӣ ва сӯзаниҳои тоҷикӣ ороста аст: “То болишу курпачаҳои тоҷикӣ дар хонаам дорам. Чанд намуд либоси суннатии тоҷикӣ дорам, ки ману духтарам дар рӯзҳои ҷашнҳо мепӯшем ва дар ҷамъи дӯстон рақсу бозӣ мекунем”. Дар ин мусоҳиба ӯ афзуд, ҳар лаҳза, ки дилаш барои Ватан танг мешавад оҳангҳои тоҷикиро гуш мекунад: "Шунидани ин оҳангҳо ташнагии маро ба Ватан то андозае мешиканад. Дар бештари маворид оҳангҳои Далер Назаров, Парвиз Назаров, гурӯҳи "Шамс" ва "Авесто"-ро гуш мекунам".