Мусавибаҳор барои табобати санги гурдаву шамолхӯрӣ ва бемориҳои роҳҳои пешоб ба “Ибни Сино” омадааст
Шурӯъ аз ҳафтаи оянда доктор Сайид Ҳабибуллоҳ Мусавибаҳор, яке аз мутахассисони ботаҷрибаи бахши эндоурология дар Бемористони Ибни Сино ба қабул, муоина ва муолиҷаи беморон оғоз хоҳад кард.
Аз Бемористони Ибни Сино гуфтанд, Мусавибаҳор таҷрибаи 13-солаи гузаронидани ҷароҳиҳои урологӣ дошта, ин гуна амалҳоро дар сатҳи баланд ва бобарор анҷом медиҳад: “Мусавибаҳор ҳатто нуқсонҳои модарзодиро дар узвҳои гурдаю роҳҳои пешоб бартараф месозад”.
Манбаъ мегӯяд, афроде, ки аз мушкили санги гурда, шамолхӯрӣ, бемориҳои роҳҳои пешоб ва дигар маризиҳои урологӣ азият мекашанд, барои муолиҷа худро қаблан дар Бемористони Ибни Сино номнавис кунанд: “Барои маълумоти бештар бо телефони 44-640-01-02 тамос бигиред ё ба сомонаи www.ibnisino.tj ворид шавед.