Хонум Элмӣ ба ҷои Лайлӣ Моширӣ ба Тоҷикистон омад
Лусия Элмӣ раҳбари нави Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон таъйин гардидааст. Хонум Элмӣ дар ин мақом Лайлӣ Мошириро иваз кард, ки ӯ ба хотири анҷом ёфтани фаъолияти корияш охири моҳи августи соли ҷорӣ Тоҷикистонро тарк карда буд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар, хонум Элмӣ рӯзи 3 октябр зимни дидори худ бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи худро супоридааст.
Манбаъ мегӯяд, раҳбари нави Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Душанбе ҳангоми супоридани нусхаи эътимодномаи худ аз модагияш барои идомаи татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои дар Тоҷикистон хабар додааст.