Шурӯъ аз имрӯз то 18-уми сентябр дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ миёни наврасон баргузор мегардад.
Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, дар чорабинии мазкур варзишгарон аз вилоёти Хатлон (2 ҳайат), Суғд (2 ҳайат), шаҳри Душанбе (2 ҳайат) ширкат хоҳанд кард.
Ҳамзамон, дар шаҳри Истамбули Туркия Чемпионати ҷаҳон оид ба ду намуди гӯштин идома дорад. Тоҷикистонро дар ин сабқатҳо узви дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба гўштини тарзи озод Юсуф Абдусаломов ва узви дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба гӯштини юнонӣ-рӯмӣ Аҳмад Қодиров муаррифӣ хоҳанд кард.{jathumbnail off}