ВИДЕО: Оғози кори терминали нави фурудгоҳи Душанбе
Терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шурӯъ аз имрӯз, 3 ноябр расман ба қабул ва гусели мусофирон оғоз кард.
Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 3 ноябр зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, аз ин ба баъд қабул ва гусели мусофирон тавассути ин терминали замонавӣ сурат хоҳад гирифт. Ба қавли ӯ, терминали нав дорои тамоми шароитҳои ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ буда, барои тамоми мусофирон, аз ҷумла маъюбон, кӯдакон, занҳои ҳомила даромадгоҳ ва лифтҳои масус насб шудааст.
Карим Элсеман, намояндаи ширкати сохмонии “Винчи Конструксён Гран Проже”-и Фаронса ба “Озодагон” гуфт, низоми амниятии терминал монанди фурудгоҳҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, дар он ҳудуди 700 нафар кор мекунанд. Аз ин теъдод 300 нафар аз курсҳои махсуси омузишӣ гузаштаанд: “Тамоми техникаи дар терминал насбшуда истеҳсоли Фаронса, Олмон, Туркия, Ҳолланд буда, дар сурати истифодаи оқилона 30 сол хизмат мекунад. Аммо агар муқаррароти фаннӣ сарфи назар шавад, ки мутаасифона дар Тоҷикистон зиёд рух медиҳад, ҳамаи он шаш моҳ низ умр намебинад”.
Терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 3 сентябри соли равон, дақиқтараш дар рӯзи таҷлили иди авиатсияи гражданӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ифтитоҳ гардид. Он дар асоси қарордод миёни Тоҷикистону Фаронса сохта шуда ва маблағи умумии сохтмонаш 39 миллион евроро ташкил медиҳад. Аз ин 19 миллионро фурудгоҳи Душанбе ва 20 миллиони дигарро ҷониби Фаронса пардохт кардааст. Масоҳати умумии терминал 11 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, хизматрасонӣ ба 500 мусофир дар як соат ва ба 1,5 миллинон мусофир дар як сол дар назар гирифта шудааст.