Раҳоии ҷияни Сурайё Қосимова аз боздошт
Мақомоти тоҷик Муҳайё Қосимова, бародарзодаи 29- солаи Сурайё Қосимоваро, ки дар ташкили дуздӣ ва сӯхтори хонаи ин овозхони маъруф муттаҳам мешавад, аз боздошт раҳо кардаанд.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз шуъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб хабар дода, афзуданд, ки Муҳайё Қосимова, аз муттаҳамони асосӣ ва ташкилкунандаи дуздӣ дар хонаи аммааш дар шаҳри Кӯлоб мебошад: “Аммо баъди чанд муддати боздошт ба далели кӯдаки навзод доштанаш бо имзои забонхат дар бораи иваз накардани ҷои истиқомат аз боздошт раҳо гардид ва феълан дар озодист.”
Манбаи “Озодагон” таъкид намуд, ки ҳоло парвандаи муттаҳамон дар дуздии хонаи Сурайё Қосимова дар баррасии додгоҳи шаҳри Кӯлоб қарор дорад.
Қаблан Вазорати умури дохилӣ хабар дода буд, ки бо иттиҳоми дуздии манзили Сурайё Қосимова чор сокини шаҳри Кӯлоб -Қосимова Муҳайё, соли таваллудаш 1985, Аҳророва Матлюба, соли таваллудаш 1982, Аҳроров Ҷумахон соли таваллудаш 1987 ва Бегназарова Музаян, соли таваллудаш 1970 боздошт шудаанд. Ба иттилои манбаъ, аз манзили Қосимова дар Кӯлоб аз ҷевони оҳанин ҷавоҳироту планшет, ҷамъ ба арзиши 24 ҳазор доллари амрикоӣ дуздида шуда, барои пинҳон кардани иззи ҷиноят хона оташ зада шудааст. Тибқи иттилои мақомот, муттаҳамон дар ин дуздӣ наздикони Қосимова - Муҳайё Қосимова, духтари бародари марҳум ва сеи дигар ҳамсояҳояш мебошанд.
Дар пайи ин ҳодиса бозпурсии Сурайё Қосимова дар доираи тафтишоти дуздӣ дар хонаи ӯ сурат гирифта буд, ки зимни рӯбарӯкунӣ аз ҷониби Қосимова ҳеч гуна изҳорот дар мавриди гузаштан аз гуноҳ ва даст кашидан аз даъво садо надодааст. Аммо шуъбаи умури дохилии Кӯлоб бо назардошти зан будани муттаҳамон дар ин ҷиноят изҳор дошт, ки эҳтимол онҳо низ дар сурати ҷуброни зарар мавриди афв қарор гиранд.
Мақомот изҳор доштанд, ки боздоштшудагон пурра гуноҳашонро иқрор кардаанд ва додгоҳи шаҳри Кӯлоб ба баррасии парвандаи онҳо аллакай шуруъ намудааст.