Ба қонуни интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллӣ тағйирот ворид мешавад
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” тағйиру иловаҳо ворид мекунад.
Дар ин бора имрӯз, 3 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тасмим гирифта шуд. Ин ҷаласа таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон доир гардида ва аъзои Шӯро ҳамзамон масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ”, “Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”, “Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ”, “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” ва “Дар бораи мудофиаи гражданӣ” -ро ба баррасӣ гирифтанд.
“Дар поёни ҷаласа бархе аз масъалаҳо барои баррасӣ ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъвати чорум ва қисми дигар барои хулосабарорӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуданд”,-иттилоъ медиҳад Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндаҳо.