Ҳалокати 24 муҳоҷири ғайриқонунӣ дар пайи ғарқ шудани киштӣ
Бар асари ғарқ шудани киштии ҳомили муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Баҳри сиёҳ дасти кам 24 нафар ба ҳалокат расидааст. Agence France-Presse менависад, 7 тан наҷот дода шуда, нуҳ каси дигар беномунишонанд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин киштӣ дар наздикии шаҳри Истанбули Туркия ғарқ шуда, ҳамаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ шаҳрвандони Афғонистон, бо шумули 7 зан ва 12 кӯдак будаанд. Гуфта мешавад, ин киштӣ тавассути халиҷи Босфор ба соҳилҳои Руминия ҳаракат доштааст. Дар мавриди далелҳои ғарқ шудани киштӣ ҳоло иттилое нест.