Талаби 50 ҳазор евро аз ВКД барои табобати ноболиғи ҷабрдида
Вакилони мудофеи як сокини ноболиғи Ёвон, ки ду сол қабл, аз сӯйи Машраф Алиев, корманди собиқи ШВКД-и ноҳияи Ёвон мавриди шиканҷа қарор гирифта буд, ният доранд аз Вазорати умури дохилии кишвар зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб кунанд.
Гулчеҳра Холматова, яке аз вакилони мудофеи Х.М, ки феълан 18 сол дорад, изҳор медорад, ки барои рӯёнидани ҷуброни зарари манънавӣ ба маблағи 50 ҳазор евро, муодил ба беш аз 300 ҳазор сомонӣ, аз болои Вазорати корҳои дохилӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аризаи даъвогӣ пешниҳод хоҳанд кард. Ба қавли вакилони дифои Х.М., ҳаҷми зарарро мутахассисони укроинӣ муайян кардаанд ва ин маблағ ба гуфтаи Маҳмадсаид Қаюмов, падари ҷабрдида барои табобат равона хоҳад шуд.
Х.М, пас аз латукӯб шуданаш аз ҷониби маъмури пулис дар манзили зисташ қасди худкӯшӣ карда, худро ба дор овехта буд, аммо пайвандонаш ӯро наҷот доданд.
Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа 11-уми декабри соли 2013 бо судури як қарор барои бадрафторӣ нисбати ноболиғ, Машраф Алиевро барои 7 сол равонаи зиндон кард. Илова бар ин, додгоҳ барои табобати ҷабрдида 1619 сомонӣ ҷарима таъин намуд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки тайи се соли охир дар Тоҷикистон дастикам 6 нафар - Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев ва Умедҷон Тоҷиев дар пайи боздошт ва ё дар зиндон бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд. Аз ин миён то имрӯз танҳо пайвандони Исмоил Бачаҷонов тавонистаанд аз идораи зиндонҳои Вазорати адлия 30 000 сомонӣ, пайвандони Сафаралӣ Сангов аз Вазорати корҳои дохилӣ 46 000 сомонӣ ва модари Баҳромиддин Шодиев аз ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 14 000 сомонӣ товони зарари маънавӣ рӯёнад.
Аммо ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, омори расмии мақомот тамоми мавориди шиканҷа дар боздоштгоҳҳову зиндонҳои кишварро дар бар намегирад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)