Эшони Нуриддин: Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар Тоҷикистон хок нашудааст
Эшони Нуриддин, руҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо вафоти Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, шахсияти шинохтаи ҷаҳони Ислом дар Тоҷикистонро рад карда, гуфтааст, мазоре, ки бо номи ӯ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҷойгир аст, асоси таърихӣ надорад.
Ин руҳонии тоҷик дар посух ба суоли корбари торнамои хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо - turajon.org, гуфтааст, “мазоре, ки дар Ховалинг ба номи Увайси Қаранӣ машҳур аст ҳеч асоси таърихӣ надорад”. Ба қавли Эшони Нуриддин, Увайси Қаранӣ аслан ба қаламрави Тоҷикистон пой нагузошта, дар минтақаи маъруф ба номи Сиффини Сурия, наздикии марзи Ироқ ба ҳалокат расидааст ва то ҳол қабри ӯ ба таври дақиқ маълум нест.
“Увайс замони хилофати Ҳазрати Умар аз Яман ба Мадинаи мунаввара омад ва Ҳазрати Умар бо ӯ мулоқот кард ва аз ӯ талаби истиғфор хост. Баъд аз ин аз Мадинаи Мунаввара ба Куфа (шаҳре дар Ироқ) омад. Ривояти Муслим. Дар замони хилофати Ҳазрати Алӣ аз тарафдорони эшон буданд ва дар ҷанги Сиффин дар соли 37 ҳиҷрӣ ба шаҳодат расиданд, ҳамчуноне, ки ин гуфтаҳо дар кутуби таърих мисли Сияру аъломиннубалои Имом Заҳабӣ омадааст”- афзудааст ин руҳонии тоҷик.
Увайси Қаранӣ ба қавли Эшони Нуриддин “яке аз авлиёуллоҳ ва бандагони солиҳи Худо” буда, замони паёмбарии Муҳаммад (с)-ро дарёфт кардааст, аммо “аз сабаби бемории модараш” бо паёмбар мулоқот накардааст: “Паёмбари акрам (с) саҳобаҳоро амр карданд, вақте Увайсро диданд аз ӯ талаб кунанд, то баряшон аз Худо талаби истиғфор кунад”.
Ҳоло дар Тоҷикистон, дақиқтараш дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мазоре ба ӯ рабт дода мешавад, ки ҳамасола аз дохилу хориҷ то 20 ҳазор зоир ба зиёрати он меоянд. Ахиран, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар доираи як сафари расмии худ аз ин макон боздид карда буд.