Ду ҳамватани моро пас аз анҷоми намози шом, аснои баромадан аз масҷиди тахрибшудаи «Хиёбони Мир»-и шаҳри Маскав боздошт карда, мавриди истинтоқ қарор додаанд.
Абдуқаюм Мақсудов, шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон, ки мувақатан дар пойтахти Русия кору зиндагӣ дорад, дар ин маврид ба дафтари ҳимоя аз ҳуқуқи инсон «Мемориал» шикоят бурдааст. Ба гуфтаи номбурда, ӯ ва Абдураҳим Тошматовро, рӯзи 11 -уми сентябр, тахминан дар соати 20 : 30, дар наздикии масҷиди айни ҳол вайроншуда, дар «Хиёбони Мир» афроди ғайринизомӣ дастгир карда, ба пулисхона бурдаанд.
Расонаҳои иттиллотии Русия бо такя ба манбаҳои хабарии худ навиштаанд, ки тоҷиконро афсарони Хадамоти амнияти федералӣ боздошт карда, то соати сеи субҳ дар ШКД-и ноҳияи Мешанский пурсуҷӯ кардаанд. Пас аз тафтиши ҳамватанаони мо изи ангуштони Абдуқаюм Юсуфовро нусхабардорӣ карда, онҳоро ҷавоб додаанд. Абдруҳим Тошматов бошад, ҳанӯз дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Бино ба қавли нозирони амниятии Русия Тошматов дар Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамдастӣ доштан бо ҳаракати мамнушудаи динӣ таҳти пайгард қарор доштааст.{jathumbnail off}