Оғози қабул ва гусели мусофирон тавассути терминали нави фурудгоҳи Душанбе
Терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҳафтаи оянда қабул ва гусели мусофиронро оғоз мекунад.
Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 1 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳоло дар ин терминал корҳои озмоишию таҷрибавӣ аз сӯи мутахассисон идома дошта, рӯзҳои 1 ва 2 ноябр ду ҳавопаймо гусел ва якто тариқи он қабул карда мешавад.
Ба қавли оқои Шодиев шуруъ аз рӯзи 3 ноябр терминали нави фурӯдгоҳи Душанбе пурра ба кор медарояд. Сухангӯи фурудгоҳи Душанбе дар мавриди тақдири терминали куҳна илова намуд, ки он барои хатсайрҳои дохилӣ истифода мешавад.
Терминали нави Душанбе, ки рӯзи 3 сентябри соли равон, дақиқтараш дар рӯзи таҷлили иди авиатсияи гражданӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ифтитоҳ гардид, дар асоси қарордод миёни Тоҷикистону Фаронса сохта шудааст ва маблағи умумии сохтмон 39 миллион евроро ташкил медиҳад. Аз он 19 миллионро фурудгоҳи Душанбе ва 20 миллионро ҷониби Фаронса пардохт кардааст. Масоҳати умумии терминал 11 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, хизматрасонӣ ба 500 мусофир дар як соат ба назар гирифта шудааст.
Терминали нав қодир аст, дар як сол ба 1,5 миллинон мусофир хизмат расонад. То ҳол хизматрасонӣ дар фурудгоҳи Душанбе дар як соат 130 мусофирро фаро мегирифт. Сохтмони терминали навро ширкати сохтмонии «Винчи Конструксён Гран Проже» ба уҳда дошт, ки яке аз ширкатҳои сохтмонии бонуфузи ҷаҳонӣ буда, то имрӯз дар сохтмони 13 фурудгоҳ иштирок намудааст.