Раҳмон ва Оқохони IV дар арафаи Ваҳдати Миллӣ ба Бадахшон мераванд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сафарашро ба Бадахшон моҳи июни соли 2015 дар рӯзҳои таҷлили Ваҳдати Миллӣ таъин кардааст.
Дар ин бора манбаи “Озодагон” хабар дода, афзуд, ки ин нуқтаро раисиҷумҳур ҳафтаи равон дар мулоқот бо Шодихон Ҷамшед, раиси Бадахшон таъкид намудааст. Ба иттилои манбаъ эҳтимол сафари Шоҳкарим ал Ҳусайнӣ, Оқохони IV, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон низ ба Бадахшон ҳамон рӯзҳо сурат бигирад чун Эмомалӣ Раҳмон ба Оқохони IV паём фиростодааст, ки баъди моҳи майи соли оянда дар ҳар вақти барояш мувофиқ метавонад аз Тоҷикистон боздид кунад.
Интизор мерафт, ки ин сафар моҳи ноябри соли равон сурат бигирад, вале ба далели анҷом наёфтани баъзе корҳои бунёдкорию тарҳрезиҳо ба таъхир андохта шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи бархе иншооти ҷашнӣ дар моҳи ноябри соли равон ба ҷои раисиҷумҳур дар Бадахшон Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат, Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм, Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард. Аз ҷумла дар назар аст, ки зимни сафари сарвазиру вазирон хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ барои 362 донишҷӯ, Маркази планитарӣ барои 50 кати беморӣ, бинои истиқоматии 32- ҳуҷрадор барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят, бинои махсуси Раёсати корҳои дохилии вилоят мавриди истифода қарор гиранд.
Худи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба иттилои манбаи “Озодагон” зимни сафараш моҳи июни соли 2015 дар сохтмони неругоҳи барқи обии “Себзор” ва бинои театри вилоятӣ санги аввал мегузорад. Инчунин бо иштироки президент дар Хоруғ кохи варзишии пӯшида барои 1700 ҷойи нишаст, бинои хонаи истиқоматии 9-ошёна, корхонаи истеҳсоли ғалла бо иқтидори 60 тонна дар як шабонарӯз дар ноҳияи Шуғнон, сехи дӯзандагӣ барои 150 ҷойи корӣ, хатти обгузари Боғев - Хоруғ, пули мошингузари Сурхсангов ва дигар иншооти муҳими хоҷагии халқи вилоят мавриди истифода қарор мегиранд.