Муҳаммад Муҳиддинзода: Дар 98 мусобиқа тавонистаам соҳиби медал шавам, ки беш аз 50 тои он медали тилло аст.
Озодагон: Дар ин мусобиқаҳо ҳам аз номи дигар кишварҳо баромад кардаед ё ...
Муҳаммад Муҳиддинзода: Бале мутаассифона, дар авал дар ҳайати варзишгарони шаҳри Қазон будам ва 5 бор ҳам миёни ҳамсолони худ дар куштии озод қаҳрамони Тотористон эълон шудам. Баъдан 4 бор қаҳрамони Приволжский федералний округ ва боз 3 бори дигар қаҳрамони Русия миёни наврасон шудаам.
Озодагон: Боре аз номи кишвари худ дар ягон мусобиқа иштирок кардаед?
Муҳаммад Муҳиддинзода: Ростӣ, як бор дар мусобиқае, ки он дар худи Тоҷикистон соли 2011 ё 2012 баргузор шуд, хостам аз номи Тоҷикистон иштирок кунам. Ба хотири иштирок дар ин мусобиқа аз шаҳри Қазон ба ватан омада будам, аммо ба далели надоштани як санади тасдиқкунандаи ҷои истиқомат, ки зодгоҳам ҷамоати Чоркуҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғд аст, роҳ надоданд. Дар ҳоле ки бо худ шиносномаи тоҷикӣ ҳам доштам, гуфтанд, наметавонӣ иштирок кунӣ, баъд боз дубора ба Қазон баргаштам. Ҳатто тағоям, ки мураббии нахустинам мебошаду хароҷоти ин сафар аз ҳисоби ӯ буд ба мураббиён занг зада, хоҳиш кард, маро роҳ диҳанд, аммо не гуфтанд.
Озодагон: Ҳолате шудааст, ки Шумо аз номи дигар кишвар дар мусобиқае соҳиби медал шуда бошеду варзишгарони тоҷик аз онҷо ба ватан бидуни медал баргаштаанд?
Муҳаммад Муҳиддинзода: Бале, ин гуна ҳолатҳо буданд...
Озодагон: Дар ҳамин мусобиқае, ки дар шаҳри Красноярск баргузор шуд, варзишгарон аз Тоҷикистон буданд?
Муҳаммад Муҳиддинзода: Бале, аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 5 нафар буд ва якеашон ҷои сеюмро дар вазни 69 кило соҳиб шуд.