Душанбе аз намояндаи маҳкумшудааш "рӯй гардонд"?
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, Мирзосаидов Иброҳим, ки барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар вилояти Кемерови Русия шартан ба 3 соли зиндон маҳкум шуд, корманди ин ниҳод нест.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “Мирзосаидов Иброҳим дар басти вазифавии собиқ Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва ҳоло Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамчун корманд фаъолият накардааст.”
Ин дар ҳолест, ки додситонии вилояти Кемеров эълон кардааст, ки бо мусоидати Мирзосаидови 36-сола, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ин вилоят ҳашт шаҳрванди хориҷӣ ғайриқонунӣ ба қаламрави Кемеров омадаанд.
Ба иттилои Елена Тушкевич, намояндаи расмии додситонӣ Мирзосаидов ҳамроҳи шарики 68-солааш В. Потапов аз соли 2012 то 2013 ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ машғул шуда, барои ин корашон шартан ба се соли зиндон маҳкум шудаанд. Маҳкумшудагон ба ивази маблағ барои муҳоҷирон варақаҳои муҳоҷиратро таҳия намуда, дар бораи убур аз сарҳади Русия муҳр мезадаанд. Ин ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ имкон медодаанд, ки муҳоҷирон муддати тӯлонӣ дар Кемерова бимонанд. Додситонӣ мегӯяд, ин тақаллубкориҳо аз ҷониби Хадамоти федералии амният ошкор шудааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои мақомоти вилояти Кемеров, Мирзосаидов шаҳрвандии Русия дошта, ба ҳайси намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо раҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати ин минтақа борҳо расман мулоқот доштааст.