Султонов таъсис додани Шӯрои диаспораи тоҷикро дар Украина амри воқеӣ ва зурурӣ номида пешниҳод намуд, ки ин ниҳод ҳар чӣ зудтар бояд ташкил шавад. Дар баромадҳои худ раисону аъзоёни ҷамъиятҳои шаҳрҳои Киеву Севастопол ва вилоятҳои Николаев, Одесса, Днепропетровск ва Харков таклифи мазкурро дастгирӣ карданд. Дар натиҷаи овоздиҳӣ Шӯрои диаспораи тоҷик дар Украина дар ҳайати 11 нафар интихоб гардид. Ба ҳайси раиси Шӯро Нурмаҳмад Собиров, ки дар давоми якчанд сол ҷамъияти тоҷикони шаҳри Киевро роҳбарӣ мекард, интихоб шуд. Тибқи пешниҳодоти иштирокдорони ҷаласа роҳбари ҷамъияти тоҷикони «Пайванд»-и вилояти Харков Нурулло Сайдалиев, аъзои ҷамъияти тоҷикони Севастопол Ҷӯрақул Набиев ва аъзои диаспораи Киев- Мухтор Ҳасанов ба сифати муовинони раиси Шӯрои диаспора интихоб гардиданд.{jathumbnail off}