Марги мармузи маҳбуси тоҷик баъди латукӯби “авторитет”
Абдусалом Қурбонов, як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон ба таври мармуз дар зиндони № 8-и шаҳри Омски Русия ба ҳалокат расида, ҷасадаш 30-юми октябр ба Ватан интиқол дода шуд. Ин сокини деҳаи “Маърифатӣ”-ии ноҳияи Рӯдакӣ баъди латукӯб кардани ба истиллоҳ як “авторитети рус” дар Омск ҳабс ва ҳамагӣ 1,5 моҳ пеш ба зиндони рақами 8 интиқол ёфта буд.
Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, ки дар маросими интиқоли ҷасади ин шаҳрванди Тоҷикистон ба Ватан иштирок доштааст, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ҷасад осори зӯроварӣ баръало намоён буд: “Сару лабу даҳан ҳама пур аз захм буд. Аммо раёсати зиндони рақами 8-и Омск дар ҳуҷҷатҳо сабаби маргро шарҳ надодааст ва парвандаю тафтишоте ҳам аз рӯи ин ҳодиса оғоз нашудааст.”
Қурбонов, ки 1,5 солашро дар боздоштгоҳи муваққатӣ пасисар кардаст, барои латукӯб ба 9 соли зиндон маҳкум шуда, ҳамагӣ ду моҳ пеш ба зиндони рақами 8-и Омск интиқол ёфтааст.
Марги мармузи ин маҳбуси тоҷик дар ҳолест, ки 17-уми сентябри соли равон муҳоҷири дигари тоҷик, Фаррух Урозов дар пайи бадрафтории маъмурин дар идораи пулиси шаҳри Солнечногорск ба ҳалокат расида буд.