Ал Мунтасаф: Табиби тоҷикро “Ал Қоида” дуздидааст
Хабаргузории арабзабони “ал-Мунтасаф” имрӯз, 31-уми октябр бо такя ба манбаи муътамади худ хабар додааст, ки Гулия Рофиева, табиби тоҷик дар Яманро гуруҳҳои террористии “ал-Қоида” дуздидаанд.
Ин хабаргузорӣ ҳадафи рабудани Рофиева аз ҷониби “ал-Қоида”-ро нигоҳубин ва табобати ҷангиёни маҷруҳи ин шабакаи террористӣ хондааст: “Як манбаи муътамади мо, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, маълумоте рӯи даст дорад, ки рабудани табиби тоҷик аз сӯи ҷангҷӯёни “ал-Қоида” ва ҳузури ӯ дар яке аз дармонгоҳҳои ин созмонро 90% собит мекунад. Ҳарчанд ихтисоси Рофиева ҷарроҳ нест, вале азбаски бо кори ҷарроҳӣ ошно мебошад, ӯро дуздидаанд.”
Ба иттилои манбаъ, задухӯрди мусаллаҳонаи ҷангҷӯёни созмони террористии “ал-Қоида" ва гуруҳи “Ҳусийюн”-и Яман, ки ахиран сурат гирифт, маҷруҳони зиёд аз ду ҷонибро барҷой гузоштааст: “Ҳусийюн” захмиёни худро ба беморхонаҳои давлатӣ интиқол додааст. Аммо азбаски ҷангҷӯёни "ал-Қоида" наметавонанд дастрасӣ ба беморхонаҳои давлатӣ дошта бошанд, онҳо барои табобати маҷруҳони худ маҷбур мешаванд табибонро ба зурӣ баранд.”
Гулия Рофиева, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон, ки дар яке аз беморхонаҳои низомии вилояти Маъриби Яман кор мекард, рӯзи 29 октябр аз сӯи афроди мусаллаҳ рабуда шудааст. Расонаҳои арабзабон аз қавли шоҳидон навишта буданд, ки Рабиеваро афроди мусаллаҳи савори мошини сурх аз кӯчаи марказии назди беморхонаи низомӣ дуздиданд. То ҳол ин амалро ҳеч гуруҳе бар душ нагирифтааст ва мақомоти расмии Яман ва Тоҷикистон дар ин маврид шарҳе надодаанд.